Дар пайи болоравии оби рӯдхонаҳои Помир фаъолияти ду нерӯгоҳ қатъ шуд

© Sputnik / Иосиф БудневичНерӯгоҳи обӣ. Акс аз бойгонӣ
Нерӯгоҳи обӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба далели баланд шудани мизони оби рӯдхонаи Ғунд дар Бадахшон фаъолияти ду нерӯгоҳи бузург мутаваққиф шудааст. Феълан сокинони навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, қисман Рӯшон ва Ишкошим бидуни нерӯи барқ мондаанд.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Феълан нерӯгоҳҳои "Помир-1" ва "Хоруғ" ба далели баланд шудани мизони оби рӯдхонаи Ғун муваққатан аз фаъолият бозмондаанд хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба сухангӯйи ширкати "Помир Энержӣ" Абдулло Амонбеков.

Ба гуфтаи сухангӯйи "Помир Энержӣ" феълан дар атрофи рустои Танг хутути интиқоли нерӯи барқ тахриб шудаанд.

"Маҷрои сел метавонад низоми фаъолияти чархаҳоро тахриб кунад ва ба ин далел тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти ин ду нерӯгоҳ қатъ карда шавад. Ин амри мувақаттӣ аст", — зикр кард Амонбеков.

Ба гуфтаи вай ҳоло рӯшан нест, ки фаъолияти нерӯгоҳҳо чӣ замоне азсар гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар пайи селобҳо ва баланд шудани мизони оби рӯдхонаи Ғунд дар рустоҳои Танг, Барсем ва Бердибеков дастикам 29 манзил ва ҷоддаи самти ноҳияи Мурғоб тахриб шудаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба бахши умури изтирории ВМБК.

Лентаи хабарҳо
0