ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия аз ҳукумати Бритониё дархост кардааст, ки сареъан авомили масдуд кардани ҳисоби бонкии ХБ "Русия имрӯз" дар бонки Barclays дар Лондонро тавзеъ диҳад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ин ниҳод.
"Ҷониби Русия аз мақомоти Бритониё дархост кард, ки сареъан мавзӯъи масдуд кардани ҳисоби бонкии хабаргузории давлатии Русия — ХБ "Русия имрӯз" — дар бонки Barclays дар лондонро тавзеъ диҳанд. Ҳисоби бонкӣ 8 июли соли 2015 ба ибтикори як ҷониб масдуд шудааст", — омадааст дар хабар.
Дар ВКХ зикр карданд, ки унвонии хабаргузорӣ ҳеҷ ҳушдоре ва ё огаҳие ворид нашудааст.
"Масъулони хабаргузориро дар бораи сарнавишти маболиғи ин ҳисоби бонкӣ огаҳ насохтаанд. Вазъи ба амаломада дар фаъолияти бузургтарин хабаргузории Федератсияи Русия дар қаламрави Бритониё монеъа эҷод мекунад", — зикр шудааст дар хабар.
Ба иттилоъи ин ниҳод ҳисоби бонкӣ дар пайи таҳримот алайҳи мудири кулли ХБ "Русия имрӯз" Дмитрий Киселев масдуд шудааст.