ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масоили ҷалби фанновариҳои чинӣ дар бахши саноъат дар дидори раиси утоқи тиҷоративу саноъатии Тоҷикистон Шариф Саид бо мудири раёсати тиҷорати ҳукумати ноҳияи худмухтори Уйғури Чин Ся Гуантай матраҳ шудаанд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.
Раиси утоқи саноъату тиҷоратии Тоҷикистон зикр кард, ки аз фанновариҳои чинӣ дар тавлидоти нерӯи барқи обӣ, истихроҷи маъодин, тавлидоти шимиёӣ, саноъати сабук ва ғизоӣ ва коркарди нахи пахта, пӯст, пилла ва пашм метавон истифода кард.
Ба ҷуз аз ин масоили ҳамкорӣ дар дар бахшҳои авлавиятноки равобити тиҷоративу иқтисодӣ аз ҷумла баргузории намоишгоҳи навбатии саноъат ва фанновариҳои чинӣ дар Душанбе баррасӣ шудаанд.
"Дар Тоҷикистон фазои муносиби сармоягузорӣ ва шароити зарурии қонунӣ барои ҳавасмандкунонии сармоягузории хусусӣ эҷод шудааст. Давлат шароити иҷрои судманди тарҳҳои сармоягузорӣ бо дарназрдошти ҳамкориҳои танготанги ниҳодҳои тиҷоратии ду кишварро эҷод мекунад", — гуфт Шариф Саид.
Ҳамчунин дидор бо мудири Раёсати сармоягузорӣ ва рушди ҳукумати мардумии ин минтақаи Чин Наҷот Исмоил баргузор шудааст.
"Ҷониби Чин пешниҳод кард, ки чанд тарҳи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иҷро шуда ширкатҳои муштарак барои коркарди тавлидоти кишоварзӣ, нигоҳубини таҷҳизоти кишоварзӣ ва ҳамчунин воридоти фаннорвариҳои ҷадиди обёрии қатраӣ, мошинолот, таҷҳизот барои тақсими нуриҳои маъданӣ, тухмиҳо, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ барои бахши коркард таъсис дода шаванд", — омадааст дар хабар.
Намоишгоҳи тавлидоти санъатии чинӣ ва фанновариҳо ва ҳамчунин ҳамоиши ниҳодҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар Душанбе 24-26 сентябри соли 2015 баргузор мешаванд. Интизор меравад, ки дар поёни ин чорабиниҳо ширкатҳои чинӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ барои воридоти таҷҳизот ва фанновариҳои қарордодҳо имзо мекунанд.
Ба таъкиди утоқи тифоративуи саноъати Тоҷикистон ин намоишгоҳ ба тақвияти ҳамкориҳои миёни ду кишвар мусоидат карда барои рушди тиҷорат шароитҳои ҷадид фароҳам мекунад.