ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар фурудгоҳи Душанбе тайи шаш моҳи соли 2015 ба 528 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ФБД.
"Наздик ба 30% хизматрасонӣ ба мусофирон ба ширкати ҳавопайми «Тоҷик Эйр» таалуқ дошта, он 826 парвози рафтуомад анҷом додааст",-омадааст дар хабари манбаъ.
Ҳаҷми умумии интиқоли бор ба 1,5 ҳазор тонна баробар гардида, аз он 428,4 тоннааш ба ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" рост меояд.
Саҳмияҳои "Тоҷик Эйр" 100% марбути ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Ин ширкат дар маҷмӯъ 17 ҳавопаймои хурду бузург дорад, ки аз онҳо 12-тоаш мавриди истифода қарор доранд. Боқимонда 25 ҳавопаймои дигар (асосан истеҳсоли шӯравӣ) мебошанд ва дар таваққуфгоҳ нигоҳ дошта мешаванд.