Саҳифагардонӣ: ғамхории партияву ҳукумат

© SputnikҲаёти Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ
Ҳаёти Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

Ғамхорӣ ба кӯдакон

СТАЛИНОБОД. Боғчаи кӯдаконаи №3 райони Душамбе бо мақсади ба фарзандони ҷанговарони Армияи Сурх нағзтар ёрдам расонидан, корҳои худро хеле нағз дуруст кардааст. Агар пеш аз ҷанг дар ин боғча 60 нафар кӯдакон тарбия мегирфта бошанд, ҳоло шумораи кӯдакони тарбия гирифта истодагӣ ба 132 нафар расидааст. Мураббиягони боғча рафиқон Бочкарёва Кирилчук Елина, Криворучко корҳои тарбиявиро аз ҳар ҷиҳат нағз ба роҳ мондаанд.

Дар вақти ҳозира барои кӯдаконе ки дар оилаи худ имконияти тарбия гирифтан надоранд, дар боғча сменаи шабона ниҳ ташкил карда шудааст.

И. ИЛЁБОЕВ ("Тоҷикистони сурх", январи соли 1942)

ТӮҲФАҲО БА ҶАНГОВАРОН

© SputnikГазетхонии сокинони Сталинобод дар соли 1942
Газетхонии сокинони Сталинобод дар соли 1942 - Sputnik Тоҷикистон
Газетхонии сокинони Сталинобод дар соли 1942

Меҳнаткашони совети қишлоқи Кофарниҳон, райони Орҷоникидзеобод ба фронт ҳаматарафа ёрӣ расонида, ба ҷанговарони нотарси Армияи Сурхамон ки бар зидди ӯрдуҳои ваҳшии фашистони истилогар қаҳрамонона мубориза бурда истодаанд, посилкаҳои бисёр фиристоданд.

Дар тамоми ин корҳо раиси совети қишлоқ Мухторов ва мудири мактаб рафиқ Салимзода фаолияти калон нишон доданд.

Чоруми январ меҳнаткашони совети қишлоқ 162 килограмм биринҷ, меваи хушк ва дигар чизҳои хӯрокворӣ тайёр намуда, ҳамчун тӯҳфа барои ҷанговарон фиристоданд.

("Тоҷикистони сурх", январи соли 1942)

ТЕЛЕГРАММАҲОИ ТАБРИКӢ

Ба муносибати соли нав ва ғалабаҳои Армияи Сурх меҳнаткашони Сталинобод ба ҷанговарон телеграммаҳои табрикӣ фиристода истодаанд. Бисёрии телеграммаҳо ба адреси Комитети умумисоюзии Радио фиристода шуда ва хоҳиш карда мешавад, ки воситаи радио ин табрикномаҳо ба ҷанговарони диловарамон шунавонда шавад. Дар байни чанд рӯз зиёда аз ҳафт ҳазор телеграммаи табрикӣ фиристода шудааст.

Миннатдории модарони сербача

Ёвон. Дар район модарони сербача ки бо ғамхории ҳамешагии сталинӣ фаро гирифта шудаанд, ёрмандии давлатӣ гирифта истодаанд.

Дар инҷо дар давоми соли 1940 ба модарони сербача ҳамагӣ 125 ҳазор сӯм дода шуда буд. Ҳоло дар давоми даҳ моҳи соли 1941 зиёда аз 130 ҳазор сӯм дода шудааст.

Рафиқон Ҳикоят Сиддиқова (аз колхози "Правда"), Сафарбӣ Ашӯрова (аз колхози ба номи Куйбишев), Шарифгул Тағоева (аз колхози "Сотсиализм") ки ёздаҳ нафарӣ бача доранд ҳар яки онҳо аз давлат 4 ҳазор сӯми ёрдами моддӣ гирифта, нисбат ба ғамхориҳои партия ва ҳукумат миннатдорӣ изҳор намуданд.

("Тоҷикистони сурх", январи соли 1942)

© SputnikДостони ғалабаи Таня
Достони ғалабаи Таня - Sputnik Тоҷикистон
Достони ғалабаи Таня
Лентаи хабарҳо
0