ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар шаш пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон бо қарорҳои ҳукумати кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифтаанд, хабар медиҳад сомонаи раҳбари Тоҷикистон.
Аз ҷумла ба вазифаи мудири Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Закриё Акрамов таъйин шудааст, ки дар ин симмат академики АИ Тоҷикистон Раҳим Масовро иваз кард.
Ба ҷойи Акбари Турсон ба вазифаи мудири Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, ховаршиносӣ ва мерооси хаттии АИ Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ бо қарори ҳукумат Саҳидод Хоркашев таъйин шуд.
Абдураҳмон Маҳмадов ҷойгузини Абдулвоҳид Шамолов шуд, ки рӯзи душанбе аз вазифаи мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод шуда буд.
Акобир Мирзораҳимов ҷойгузини мудири Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Павловский ва Лутфилло Саидмуродов мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъиятшиносии АИ Тоҷикистон мешаванд.