Муовини аввали вазири дифоъи Русия ба Душанбе омад

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкАркадий Бахин, муовини аввали вазири мудофиаи Русия. Акс аз бойгонӣ
Аркадий Бахин, муовини аввали вазири мудофиаи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар пояи барномаи қаблан тарҳрезишуда мулоқоти ин масъули баландпояи артиши ФР бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Аркадий Бахин, муовини аввали вазири мудофиаи Русия  бо сафари кории дурӯза рӯзи 26 феврал вориди пойтахти Тоҷикистон гардид, менависад сойти ВКХ ҶТ.

Ин мақоми аршади вазорати дифоъи Русия, ҳамзамон Сардори сарситоди Қувваҳои мусаллаҳи он кишвар, генерали артиш- Аркадий Бахинро имрӯз, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳур ба ҳузур мепазиранд.

Ба иттилои манбаъ, аснои нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ ва фанниву дурнамои он ба баррасӣ гирифта шуда, ҷонибҳо атрофи санадҳои қаблан ба  тавофуқрасида ибрози назар хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0