Толибон ба як мактаб ҳамла карданд ва бештар аз 104 нафарро куштанд

© Sputnik / Евгений ПахомовМуқовимати гурӯҳҳои радикалӣ бо мақомоти амниятии Покистон. Акс аз бойгонӣ
Муқовимати гурӯҳҳои радикалӣ бо мақомоти амниятии Покистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамлаи Толибон ба як мактаб дар шаҳри Пешовари Покистон 104 нафар, аз ҷумла 84 кӯдак кушта шудаанд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҳамлаи Толибон ба як мактаб дар шаҳри Пешовари Покистон 104 нафар, аз ҷумла 84 кӯдак кушта шудаанд, хабар медиҳанд расонаҳои иттилоотӣ.

Ба гуфтаи як мансабдори баландпояи ҳукумати Покистон, худсолтарини кушташудаҳо 9-сол дошта, масъулияти ин ҳамларо ҷунбиши Толибони Покистон бар дӯш гирифтааст, менависад Радиои Озодӣ.

Сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП), ки худро Муҳаммади Хуросонӣ муаррифӣ мекунад, ба Радои Озодӣ гуфтааст, ин ҳамла дар посух ба амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Вазиристони Шимолӣ баргузор гаштааст.

“Толибон” 12 корманди бандари Шерхонро рабудааст

Ҳарбиёни Покистон мегӯянд, аз оғози амалиёти махсус дар ин минтақа дар моҳи июни соли равон зиёда аз 1100 сарбозу афсар ба он ҷо фиристода шудаанд. Ин нерӯҳо зидди Толибон аз ҳавопаймоҳо, тӯпхона ва мушакандозу хумпора истифода мебаранд.

Хуросонӣ гуфтааст, ба онҳое, ки ба мактаб ҳамла карданд, дастур дода шудааст, ки ба кӯдакон осеб нарасонанд ва танҳо ҳарбиёнро ҳадаф қарор диҳанд. Аммо аксари онҳое, ки дар ҳамла ба мактаб кушта шуданд, кӯдаконанд.

Ҳарбиёни покистонӣ аз ҷои воқеа мегӯянд, ба камияш 6 марди мусаллаҳ вориди мактаб шудаанд ва ҳоло наздик ба 500 донишҷӯву омӯзгор дар дохили мактаб ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0