Обама: артиши ИМА дар хориҷи кишвар амалиёти бузург намегузаронад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкБарак Обама, президенти ИМА. АКс аз бойгонӣ
Барак Обама, президенти ИМА. АКс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Кохи Сафед эълом дошт, ки марҳилаи амалиётҳои бузурги низомии артиши Амрико дар хориҷа ба анҷом расид. Ӯ мӯътақид аст, ки ин ба омодагии ҳарбии низомиён таъсир намерасонад.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Аснои суханронӣ дар пойгоҳи низомии Ню-Ҷерси, дар ҳузури беш  аз 3 ҳазор сарбозе, ки аз Афғонистон баргаштаанд, президенти ИМА Барак Обама гуфт, давраи амалиётҳои бузурги низомии артиш дар хориҷ пушти сар шуданд. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

"Замони амалиётҳои бузурги неруҳои хушкигард (заминӣ)-и ИМА, ки дар барқарории сохти давлатдории хориҷиён кӯмак мекарданд, гузаштааст  <…>  Низомиёни мо муттаҳидтар мешаванд. Аммо ман ба ҳайси Сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳ аз омодагии ҳарбии шумо ва иҷрои вазифаҳоятон бояд бовар доштам. Мо, мисли собиқ аз дигарон бо неруи муқтадир, силоҳҳои ҷадиду муосир ва омодагии беҳтарини ҳарбиямон фарқ хоҳем кард. Дунё аз мо инро интизор аст",- иброз доштааст Обама.

Миссияи низомии неруҳои НАТО ва ИМА дар Афғонистон, ки беш аз 13 сол идома дошт, расман рӯзи 7 декабри имсол ба поён расид. Эътилоф тассмим дорад то охири соли равон ҷузу томҳояшро аз ин кишвар берун кунад. Аммо баъд аз хурӯҷи ҷузву томҳои ҷангӣ дар охири соли 2014 ҳам Амрико  ҳузури низомии худро дар Афғонистон ҳифз мекунад ва ба тамрини сарбозони афғон машғул мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0