Русия пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТамрини низомии ҳарбиёни ФР дар Чеборкул. Акс аз бойгонӣ
Тамрини низомии ҳарбиёни ФР дар Чеборкул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ИМА ва НАТО кушоду равшан аз низомиёнашон даъват мекунанд, ки дар ҳоли омодабоши ҷангӣ қарор дошта бошанд, зеро ба наздикӣ бо Русия "кор доранд", иброз дошт намояндаи Сарситоди ҳарбии Русия.

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. ИМА ва НАТО (Паймони Атлантикаи Шимолӣ) дар симои Русия рақиби асосии геополитикиашонро мебинанд ва кушоду равшан аз низомиёнашон даъват мекунанд, ки дар ҳоли "омодабош" қарор бигиранд, иброз дошт Валерий Герасимов, муовини сардори Сарситоди ҳарбии Русия аснои мулоқот бо масъулини низомии хориҷӣ, ки дар Маскав сабти ном шудаанд. Дар ин бора сомонаи Вазорати мудофиаи ФР хабар медиҳад.

"ИМА ва НАТО кушоду равшан аз низомиёнашон даъват мекунанд, ки дар ҳоли омодабоши ҷангӣ қарор дошта бошанд, зеро ба наздикӣ бо Русия "кор доранд",-  иброз дошт Герасимов дар мулоқоти мазкур рӯзи 10 декабр.

Ба масоили вазъи байналмиллалӣ дахл намуда, Герасимов онро "номӯътадил ва фарқкунанда аз дигар вақт" унвон кард.

Тақвияти пойгоҳи “Окно” аз ҷониби Русия

"Тайи соли равон дахолати кишварҳои ғарбӣ ба вазъи сиёсии ҷамоҳири мустақили ба истилоҳ "макони инқилобҳои ранга" афзоиш ёфт. Дахолати руйирост ва оммавии роҳбарони ғарбӣ барои сарнгун кардани сохти конститутсионӣ дар ин ё он кишвари минтақа ва инчунин дахолати низомии онҳо моро бетараф гузошта наметавонад. Амалкарди қаблии роҳбарони кишварҳои ғарбиро мо дар мисоли Югославия, Либиё ва Сурия возеҳ дарк кардаем",- гуфт ӯ.

Ба қавли Герасимов, дар пасманзари ҳаводиси маълум дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ ва вазъи ноамни Афғонистон, Русия тасмим гирифтааст пойгоҳҳои низомиашро дар Абхозистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистону Осетияи Ҷанубӣ тақвият бахшад.

Тибқи барномаи вижаи ҳукумат, то соли 2021 иқтидори низомии Русия боло рафта, дар ҷузу томҳои артиш аз 70 то 100 дарсади аслиҳа ва техника таҷдид мешавад, афзуд Герасимов.

Лентаи хабарҳо
0