ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар шаҳри Душанбе то 35+37 дараҷа мерасад, иттилоъ дод "Ховар" бо такя ба Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.
Вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳавои софи бебориш дар Хатлон низ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳам ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад, илова намуданд ҳавошиносон.