ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ устуворияшро нигоҳ медорад.
Ҳамин тариқ дар кишвар ҳоло 1000 рубли русӣ 177 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъор сар аз аввали ҳафта устуворияшро ҳифз мекунад.
Пули амрикоӣ бошад, коҳишёбиро аз оғози ҳафта сар кард, ки он пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ боз шиддат гирифт. Агар як рӯз қабл он дар сатҳи 11,01 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 10.90 муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ низ боз коҳиш ёфт. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 11,36 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл қурби як евро 11,47 сомонӣ буд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177 сомонӣ мехараду ба ивази 181 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177 ва ҳангоми фурӯш 181 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.