Кива гуфт, киҳо қасди куштани Зеленскийро доранд

Вакили собиқи парлумони Украина мегӯяд, ба ҷони президенти ин кишвар хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад ва аз ин сабаб ӯ мехоҳад ҳифзи шахсияшро пурзӯр кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский аз сӯиқасди хадамоти иктишофии ғарбӣ ва ё худи фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Украина метарсад. Дар ин бора вакили собиқи Рада Иля Кива дар канали "Telegram"-и худ навиштааст.

"Дирӯз Зеленский аз тарси сӯиқасд аз сӯйи низомиёни украинӣ таҳкими амнияти шахсиро ба миён гузошт", - гуфт сиёсатмадор.

Ба гуфтаи вай, нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз Зеленский норозӣ ҳастанд. Фармонҳои раисҷумҳури Украина боиси талафоти густурдаи ҳайати шахсӣ ва шикасти нерӯҳои украинӣ дар майдони набард мешаванд.
Кива таъкид кард, ки кишварҳои ғарбӣ низ аз президенти Украина шикоят доранд.
Дар ИМА ба Зеленский тавсия доданд, ки минтақаҳои зери назорати Русияро диҳад
"Зеленский инчунин аз барҳам додани хадамоти махсуси кишварҳои ҳампаймон метарсад, ки дар бораи нокомӣ ва талафоти Украина ҳарф мезаданд", - гуфт собиқ вакили парлумон.
Ӯ гуфт, Ғарб тадриҷан ба хулосае меояд, ки бояд ба низоъ дар қаламрави Украина хотима диҳад. Дар ин ҳолат, аз байн бурдани Зеленский василаи зудтарин барои чунин рушди ҳодисаҳо хоҳад буд, хулоса кард ӯ.
Қаблан Терри Мариани, вакили порлумони Аврупо, раҳбари Украинаро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам карда буд. Ба ақидаи ӯ, Зеленский бо истифода аз фиребу найрангҳои Ғарб кишварҳои аврупоиро фиреб дода, онҳоро ба таъмини силоҳ водор кардааст.