Тоҷикистон дар марз бо яке аз ҳамсояҳояш минтақаи тиҷоратӣ бунёд мекунад

Иштирокчиёни форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар имзо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбакистон қасд доранд, дар ояндаи наздик як минтақаи тиҷорӣ ва саноатии марзӣ эҷод кунанд. Он дар назди гузаргоҳи "Ойбек" ва "Фотеҳобод" ташкил хоҳад шуд.
Дар ин бора дар пайи мулоқоти муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов маълум шуд.
Минтақаи савдою саноатӣ корхонаҳои истеҳсолӣ, логистика ва зерсохтори тақсимоти яклухтро дар бар мегирад.
Иштирокчиёни вохӯрӣ қайд карданд, ки дар 5 соли охир гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Давлаталӣ Саид ва Сардор Умурзоқов аз талоши ҷонибҳо барои ба як миллиар доллар расонидани тиҷорат миёни кишварҳо хабар доданд.
Тоҷикистон харидори умедбахши нерӯи барқи "Роғун"-ро пайдо кард
Иштироккунандагони ҷаласа гуфтанд, ки миёни кишварҳо ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва корхонасозӣ босуръат пеш меравад.
Ба ин тартиб дар Тоҷикистон 64 корхона бо сармояи Ӯзбекистон ва дар кишвари ҳамсоя 252 ширкати тоҷикӣ фаъолият доранд.
Илова бар ин намояндагони баландмақоми кишварҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба бунёди иқтидорҳои нави тавлиди энергияро баррасӣ карданд, таъкид кард дафтари матбуотии Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ширкаткунандагони ҳамоиши тиҷории Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар Тошканд баргузор шуда буд, 75 санади тиҷоративу иқтисодиро ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расонида буданд.