Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз ҳамсолони ӯзбекистонияшон

Баъди анҷоми чаҳор бозӣ Ӯзбекситон ва Эрон дар сатҳи аввали ҷадвал қарор доранд ва Тоҷикистон бошад, зинаи сеюмро касб кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Яккачиини футболи Тоҷикистон бозиҳои даври чоруми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки шоми 18 май доир шуд, бо нокомӣ поён дод.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври навбатии чемпионат, ки дар Душанбе ҷараён дорад, аз тими наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии дигари даври чоруми Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Эрон Афғонистонро мағлуб намуд – 1:0.

Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо, дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон бо 7-холӣ пешсафанд.
Наврасони тоҷик футболбозони қирғизро мағлуб карданд
Тоҷикистон бо 4 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад. Афғонистон 2 хол, Қирғизистон 1 хол доранд.

Ғолиби чемпионат дар даври ниҳоӣ, ки 20 май доир мешавад, муайян мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар ду бозии қаблин бар Қирғизистон пирӯз (2:0) ва бо Афғонистон мусовӣ (0:0) карда буд.
Дар даври панҷум Қирғизистон бо Ӯзбекистон (18:00), Тоҷикистон бо Эрон (21:00) дидор хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки Душанбе мизбони Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби наврасон буда, дар маҷмӯъ дар доираи ин мусобиқот даҳ бозӣ баргузор мешавад.
Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд.