Идомаи тағйироти кадрӣ дар бахши маориф: Набизода Мадина мансаби нав гирифт

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон раҳбари раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғдро иваз кард. Таъйину барканори аз сатҳи вазорат дорад ба минтақаҳо мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Набизода Мадина Раҳмат сардори Раёсати Вазорати маориф дар вилояти суғд таъйин гардид. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.
Номбурда дар мансаби наваш Осим Каримзодаро иваз кард.

"Бо иштироки масъулини соҳа имрӯз муаррифии сардори нави Раёсати маорифи Суғд доир гардид", - афзуданд аз ҳукумати Суғд.

Ба иттилои манбаъ, ин таъйинот бо фамони вазири маориф ва илми кишвар ва пешниҳоди ҳукумати вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, Набизода қаблан директори Муассисаи давлатии таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон буд, ки як рӯз қабл бо фармони Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд.

Роҳбари нави Раёсати маорифи Суғд кист?

Хонум Набизода Мадина 48 сол дошта, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст.
Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст.
Содиқона хидмат кунед: Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Солҳои 1997-2006 — аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муаллимаи калони донишгоҳи мазкур ва солҳои 2006-2009 — мудири шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд.
Аз соли 2009 то 2014 дар вазифаи ноиби ректори бахши тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст
Солҳои 2014-2017 — директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва аз моҳи январи соли 2017 то инҷониб директори муассисаи давлатии таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бустон буд.
Ӯ номзади илмҳои филологӣ ва донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро (бо луғат) мебошад.