ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Русия ва кишварҳои дӯсташ бояд пули наверо дар муомилоташон роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора иқтисоддонҳо дар суҳбат бо РБК гуфтаанд.
Ба гуфтаи коршиносони Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва пешгӯии кӯтоҳмуддату Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия, барои таъсиси воҳиди пардохт авомили ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Табдили мушкили рубл дар гардиши савдои хориҷӣ ва маҳдуд кардани имкониятҳои Федератсияи Русия дар бозорҳои сармояи ҷаҳонӣ яке аз авомили муҳиме дар роҳандозии пули ҷадид мебошад.
Ба гуфтаи коршиносон, кишварҳои узви ИИАО, Чин, Ҳинд, Эрон ва Туркия ба низоми нави ҳисоббаробаркуниҳо манфиатдор хоҳанд буд. Пули ягона ба ин давлатҳо кӯмак мекунад, ки аз доллар ва евро халос шаванд.
Коршиносон мегӯянд, акнун ИМА ва дигар давлатҳои ғарбӣ метавонанд аз асъори захиравӣ ҳамчун силоҳи геополитикӣ истифода баранд. Эҳтимол меравад, арзиши воҳиди пардохт ба тило ва металлҳои қиматбаҳо, ки давлатҳои дӯст доранд, вобаста шавад.
Дар навбати худ муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач гуфт, ки масъалаи таъсиси воҳиди нави пардохт масъалаи оянда аст.
Коршиносон ва сиёсатмадорон ҳарчи бештар поёни даврони доллар ва евроро пешгӯӣ мекунанд. Фишори геополитикӣ, ки бо ташаббуси Иёлоти Муттаҳида оғоз шудааст, кишварҳои бузургро водор мекунад, ки ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ интиқол диҳанд.
Ҳамин тариқ Русия, Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои Ховари Миёна афзалиятро бештар ба рубл, юан ва рупия медиҳанд.