Рубл дар Тоҷикистон гаронтар шуд: ба доллару евро чӣ шуд?

Дар Тоҷикистон қимати рубли русӣ давоми як рӯз то шаш сомонӣ боло рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши асъор нисбат ба сомониро эълон кард, ки тибқи он, қурби рубл дар ҳоли бозгашт мавқеи аввалияш аст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 117 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нишондод нисбат ба як рӯз қабл қабл шаш сомонӣ (111 сомонӣ) бештар аст.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме коҳиш рафта, дар бозори арзи кишвар як евро 14.2415 сомонӣ эълон шудааст. Рӯзи душанбе қурби ин арзи аврупоӣ 14.2896 сомонӣ буд.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устувор аст. Қурби 1 доллар дар бозори арзи кишвар 13 сомонӣ пешгӯӣ шудааст.
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Ҳамин тавр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои рӯзи душанбе чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 13.0000 то 13.0500 сомонӣ;
1 евро аз 14.2415 то 14.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1170 то 0.1150 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.