ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон, ки рӯзи сешанбе баргузор мешавад, пешниҳоди тағйири номи он ба "Амонат" баррасӣ мешавад.
Дар ин бора аз маркази иттилоотии Қазоқистон ба расонаҳо хабар додаанд.
Калимаи "амонат" арабӣ буда, дар ин кишвар ба маънии "уҳдадорӣ", "эътимод", "вазифа" ва "ваколат" фаҳмида мешавад.
Истифодаи калимаи "нур" дар номи созмонҳо, барномаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ дар Қазоқистон дар замони раҳбарии ин кишвар аз сӯйи Нурсултон Назарбоев, ки рӯзи 28-уми январ аз курсии раҳбари ҳизб канор рафт, ба таври густарда истифода мешуд.
Ташаббуси тағйири номи ҳизбро Ерлан Кошанов, раиси маҷлис (палатаи поёнӣ) ироа кардааст.
"Ҳизби мо дар маркази дигаргуниҳое, ки дар мамлакат ба амал меоянд, қарор мегирад, ки онро баробари мамлакат нав кардан лозим аст. Барои бо мазмуни нав пур кардани фаъолияти ташкилот бояд тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд. Аз ин лиҳоз мо тағйир додани табиат ва номи ҳизбро дуруст мешуморем", - гуфт ӯ.
Ин ҳизб соли 1999 аз ҷониби нахустин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъсис шуд, ки тӯли 22 сол раҳбарии онро ба зимма дошт
Он қаблан Ҳизби халқии демократии "Нур Отан" ном дошт, аз соли 2013 танҳо қисмати дувуми номро боқӣ монда, боқимондаро ҳазф карданд.