Рӯзи мулоқоти навбатии Путин ва Байден мушаххас шуд

Раҳбарони кишварҳо тасмим гирифтаанд, дар идомаи мулоқоти Лавров ва Блинкен гуфтугӯ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбари ИМА Ҷо Байден рӯзи 24 феврал мулоқот мекунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кохи Сафед Ҷен Псаки хабар дод.
Ба гуфтаи вай, сарони давлатҳо эҳтимол дар идомаи музокироти вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен мулоқот кунанд.
Дар ҳамин ҳол Псаки тавзеҳ дод, ки Байден омодааст, бо Путин мулоқот кунад, "агар ҳамла сурат нагирад".
Ташаббускори нишасти сарони ду кишвар раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон буд. Дар Қасри Елисей таъкид карданд, ки ҳар ду тараф ин идеяро ҷонибдорӣ мекунанд.

"Макрон пешниҳод кард, ки мулоқоти Байден ва Путин ва сипас бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар умури амният ва суботи стратегӣ дар Аврупо баргузор шавад",- гуфта мешавад дар изҳорот.

Рӯзномаи мулоқотро Лавров ва Блинкен омода мекунанд. Формати он ва ҷузъиёти дигари он ҳанӯз маълум нест.
Нахустин мулоқоти шахсии Путин ва Байден 16 июни соли 2021 дар Женева баргузор шуд. Сипас раҳбарони давлатҳо ба ҳамдигар чанд бор телефонӣ ва низ рӯзи 7 декабри соли 2021 онлайнӣ гуфтугӯ карданд.
Ёдовар мешавем, муносибатҳои Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО вақтҳои охир дар ҳоли бадтар шудан аст.
Путин тавсеаи НАТО ба Шарқро беохир ва хеле хатарнок хонд
Паймон Маскавро муттаҳам мекунад, ки гӯё ба “таҷовуз” ба Украина омода шудааст. Бинобар ин НАТО ҳузури худро дар Аврупои Шарқӣ тақвият медиҳад.
Мақомоти Русия борҳо ба ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худ ишора кардаанд. Онҳо аз риоя накардани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев ёдовар шуданд, ки оташбас ва хуруҷи аслиҳаи вазнин аз хатти даргириро дар назар дорад.
Кремл таъкид кард, ки ҳадаф аз ин гуна иттилоотпароканиҳои Ғарб таъсиси як гурӯҳи хориҷӣ дар наздикии марзҳои Русия аст.