ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раъно Ҳошимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон гуфтааст, ки соли равон дар шаҳри Гулистон бунёди шаш корхонаи саноатии нав ба нақша гирифта шудааст.
Раъно Ҳошимзода аз раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои нав хабар дод.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, раиси шаҳр бо сохтмони корхонаҳои ҶДММ “Тиглат”, ҶДММ “Мурғи бебаҳо”, ҶДММ “Парандаи заррин” ва ҶДММ “Ганҷи сомон” шинос гардида, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти лозимӣ супоришҳо додааст.
Бояд гуфт, дар корхонаи “Тиглат” истеҳсоли рангҳои гуногун барои сохтмон ва се корхонаи дигар барои фароварии гӯшти паранда пешбинӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш вазири саноати Тоҷикистон гуфта буд, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ қатъи назар аз пайомадҳои ногувори пандемияи коронавирус беш аз сесад корхонаю коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ин давра 412 корхона (322 корхонаи мавсимӣ, 90 корхонаи аз фаъолият бозмонда), аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 125, вилоятҳои Хатлон 99, Суғд 89, ВМКБ 14 ва НТҶ 85, фаъолият накард.
Шералӣ Кабир сабаби асосии инро дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молӣ, қарз аз андоз, баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома ва амсоли инҳо донист.
Дар баробари ин вазир гуфт, ки соли рафта ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Анавак”-и кони ангишти Ҳакимӣ ва “Шаҳрод"-и шаҳри Турсунзода, ҶДММ “Назирӣ”-и ноҳияи Ш. Шоҳин, ҶДММ “Қутайба”-и ноҳияи Кӯшониён, ҶДММ "Сангрез"-и ноҳияи Файзобод, ҶДММ "Тӯрон"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва ҶДММ "Мрамор Стоун"-и ноҳияи Ванҷ, ки солҳо кор намекарданд, ба фаъолият пардохтанд.