ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тӯли ҳафтаи ҷорӣ болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон идома дошт.
Пули русӣ қариб ба сатҳи охири соли 2021 боло рафт, аммо ҳанӯз ба ҳадди максималии худ, ки қаблан ба он расида буд, нарасидааст.
Тибқи иттилои БМТ, ҳоло ҳазор рубл 151,2 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки рӯзи душанбеи 7 феврал дар сатҳи 148 сомонӣ муомилот мешуд. Афзоиши умумӣ се зинаро ташкил дод.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.9193 сомонӣ арзиш дорад.
6 феврали 2022, 12:18
Ин асъор ҳарчанд тайи даҳ рӯзи ахир беш аз 30 сомонӣ афзоиш ёфт, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад. Агар дар аввали моҳи феврал як евро 12,60 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас қурби нав аллакай ба 12,92 сомонӣ иваз шудааст.
Нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки ин асъор зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9193 то 13.1000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1512 то 0.1525 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.