Коҳиши еврову болоравии рубл: Эълони қурби асъори хориҷа дар Тоҷикистон

Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон давоми як рӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 145,4 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 142 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли нав дар ҳоли шинокунунда қарор дорад.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, боз поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.6074 сомонӣ қимат дорад.
Доллар бад аст: ду асъоре, ки бояд фавран аз ҳамён берун партофта шаванд
Як рӯз рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7340 сомонӣ медоданд.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.