Боздошти гумонбари нав дар парвандаи садмиллионии ҳамсари Градский: инаш ҳам тоҷик

Дар парвандаи пурсарусадои ғорати ҳамсари ҳунарманди маъруф гумонбари нав пайдо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Гумонбар дар ҳамла ба зани овозхон ва оҳангсоз Александр Градский, ҳунарпеша Марина Коташенко боздошт шудааст, хабар медиҳад ВКД.
Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Русия гуфт, "кормандони пулис яке аз иштирокчиёни эҳтимолии ғоратгарӣ дар ҳудуди ноҳияи Наро-Фоминскро боздошт карданд".
Ба гузориши расонаҳо, дар Маскав як нафарро дар наздикии истгоҳи метрои "Менделеевская" бо истифода аз дурбинҳои шинохти чеҳра боздошт кардаанд.
Боздоштшуда зодаи 24-солаи Тоҷикистон буда, аз соли 2011 дар Русия ба сар мебарад.
Миллионҳои ҳамсари Градский куҷо шуд: дар ғоратгарӣ "изи тоҷикӣ" ёфт шуд
Ӯ дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дар замони боздошт гумонбар гуфтааст, ки сокини Маскав аст ва хабари ҳамларо шунидааст, аммо дар он ширкат накардааст.
Тибқи гузориши мақомот, ӯ дар ягон ҷо кор намекунад, сабти ном надорад ва пештар барои ғоратгарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаасту барои пинҳон шудан аз тафтишот дар ҷустуҷӯи федеролӣ қарор доштааст.
Қаблан бо иттиҳоми ғорати ҳамсари Градской мақомоти интизомӣ як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро, ки дар бозори маҳаллӣ кор мекард, боздошт карда буданд.
Аммо дере нагузашта мақомоти Русия ӯро бо ваъдаи ҳозир шудан дар лаҳазоти зарурӣ ва ҳамчунин пас аз ироаи далоиле дар бораи иштирок надоштани ӯ дар ин қазия ин шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо карданд.
Роҳзан нест: тоҷики муттаҳам ба ғорати 100 млн рубли зани Градский озод шуд
Ёдовар мешавем, ҳодисаи ғорати ҳамсари Градский дар шоҳроҳи Наро-Фомински назди Маскав рӯзи 16-уми январ маълум шуд.
Се марди мусаллаҳ садама тарҳрезӣ карда, ба мошини Коташенко савор шуда, ӯро маҷбур намудаанд, ки ба хонаи худ баргардад ва 100 миллион рублро дуздиданд.
Коташенко гуфт, пас аз дуздидани пул роҳзанҳо аз хонаи ӯ дар вилояти Маскав онҳоро ба шаҳри Апрелевка бурдааст.
Дар он ҷо ҷинояткорон ба мошине, ки дар Маскав ёфт шуд, пинҳон шудаанд. Дар ташкили ғоратгарӣ хидматгорони хонаи ҳамсари овозхони маъруф гумонбар дониста мешавад.