Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Ӯзбекистон панҷ рӯз пайи ҳам гирифторӣ ба COVID рекордӣ шуд

Вазъи коронавирус дар Ӯзбекистон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Давоми панҷ рӯз ҳолатҳо гирифторӣ ба ин дард рӯ ба афзуншавӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар Ӯзбекистон давоми 24 соати ахир гирифторӣ ба вируси COVID - 19 рекордӣ шудааст.
Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар ин кишвар хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта 1478 ҳолати нави беморшавии сокинон сабт гардид ва ин адад аз оғози бурузи вирус дар мамлакат бесобиқа аст.
Аз ин пеш, рӯзи 21 январ гирифторӣ ба коронавирус рекордӣшуда буд. Он замон 1390 ҳолати бемор шудани шаҳрвандон ба вируси COVID -19 сасбт гардид.
Ӯзбекистон мехоҳад бо ваксинаи русӣ кӯдаконро алайҳи коронавирус моякӯбӣ кунад
Манбаъ меафзояд, афзуншавии ҳолати гирифторӣ ба ин дард панҷ рӯ паи ҳам сурат мегирад, ки боисис нигаронӣ аст.
"Теъдоди мубталоён бо суръат идома дорад. Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 1478 нафар ба коронавирус мубтало шуд, ки ин ба баландтарин нишондод аз оғози пандемия расид. Теъдоди умумии мубталоён ба 213 767 нафар баробар шуд", - омадааст дар хабари ситод.
Ҳамин тариқ теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар
Ӯзбекистон ба 203 275 нафар расид, рӯзи гузашта 1126 нафар аз бемористонҳо мураххас шуданд.
Аввалин афзоиши шумори мубталоён ба COVID-19 дар Ӯзбекистон моҳи июли соли 2020 мушоҳида шуда буд, баъдан дар тирамоҳ коҳишро оғоз кард ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 дар сатҳи то 50 нафар дар як рӯз боқӣ монд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Ӯзбекистон ҳоло штамми омикрон низ мавҷуд аст ва онро як хориҷӣ аз шаҳри Дубай оварда буд.
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ
Афзоиши ҳолатҳои беморшавии шаҳрвандони Ӯзбекистн дар ҳолест, ки коронавирус дигарбора ба Тоҷикистон низ баргашт ва ҳоло ҳамарӯза теъдоди зиёди одамон мариз мешаванд.
Қаблан шаҳрвандон аз дарди гулӯ, бемадорӣ ва дарди шадиди сар шикоят намуданд, вале кормандони беҳдоштӣ изҳор доштанд, ки ин танҳо зукоми мавсимӣ аст ва ягон ҳолати беморшавии шаҳрвандон аз вируси COVID - 19 сабт нашудааст.