Садамаи маргбор дар роҳи Исфара се кушта бар ҷой гузошт

Ҳар се қурбонии ин садамаи маргбор сокинони шаҳри Исфара мебошанд, ки ҷавонтаринашон 52 сол дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар масири Исфара - Конибодом - Ғафуров садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бинобар хабари манбаъ, ронандаи 28-солаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", ки сокини шаҳри Исфара мебошад, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Исфара - Конибодом - Ғафуров бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонист.
Зимнан ин ронанда ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", таҳти идораи сокини 29-солаи шаҳри Конибодом бархӯрдааст.
Манбаъ меафзояд, аснои бархӯрди ду худрав се мусофири автомашинаи "Мерседес-Бенс", ки ҳамаашон сокинони 52, 53 ва 82-солаи шаҳри Исфара мебошанд, аз ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Фирори ронанда аз ҷои садама: ВКД аз ҳолати сеюм дар ду ҳафтаи охир хабар дод
Ҳамчунин ронандагони ҳар ду автомашина ва як мусофири дигар, ки сокини Исфара аст, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш таҳқиқ мешавад.
Бояд зикр намуд, дар роҳҳои Тоҷикистон аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби аз уҳдаи идора кардани мошин набаромадани ронандагони ҷавон сурат мегирад.
Махсусан дар фасли зимистон, ки роҳҳои кӯҳӣ ба хавфи фаромадани тарма ва резиши санг рӯ ба рӯянд, ин гуна ҳолатҳо бештар сар мезананд. Дар робита ба ин КҲФ аз тамоми ронандагон хоҳиш намудааст, ки бинобар хавфи сангрезию тармафароӣ аз сафари бидуни зарурат худдорӣ намоянд.