Пирамидаи ӯзбекӣ: чаро барои конҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон пул ҷамъ карданд?

Сокинони Ӯзбакистон қурбонии пирамидаи молие шудаанд, ки аъзои он бо пешниҳоди сармоягузорӣ дар конҳои Тоҷикистон ба онҳо ваъдаи касби даромади ҳангуфт кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар Ӯзбекистон қаллобоне, ки бо сохтани пирамидаи молӣ шаҳрвандон ваъда кардаанд, ки агар ба корхонаҳои металлургии Тоҷикистон маблағгузорӣ кунанд фоида ба даст меоранд, шиносоӣ шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Ҳазорон нафар ба доми қаллобон афтодаанд. Маълум гашта, ки шаҳрвандон тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин кор ҷалб шудаанд. Зимнан ин ҳалқаи қаллобӣ васеъ буда, на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар соири кишварҳои ИДМ доман густардааст.
Созмондиҳандагони пирамидаи молӣ ба онҳое, ки тилову нуқраи худро барои ин "корхона"-ҳои Тоҷикистон "сармоягузорӣ" намудаанд, даромади калон ваъда кардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти интизомии Узбакистон, ҷавони 29-солаи украинӣ дар авоили соли 2021 бо як гурӯҳ сокинон шаҳри Тошканд ширкати "Golden Cash Story"-ро таъсис додааст.
Фаъолияти аслии ин ширкат савдои яклухт буд, вале тайи чанд моҳ қаллобон аз тариқи он дар интернет таблиғот анҷом дода, мардумро ба сармоягузорӣ дар конҳои Тоҷикистон даъват кардаанд.
Аз 300 кас то 4-ҳазордолларӣ гирифтанд: ошкорсозии пирамидаи молиявӣ дар Тоҷикистон
Фиребкорон тайи ин ташвиқот барои онҳое, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ ба як корхонаи тоҷик сармоягузорӣ мекунанд, барои як ҳафтаи маблағгузорӣ 2-3%, барои як моҳ 40% ва барои як сол 262% суд ваъда кардаанд.
Онҳо тило ва нуқраро ҳамчун воситаи сармоягузорӣ аз мардум гирифтаанд. Гуфта мешавад, ӯзбекҳои фиребхӯрда ба қаллобон молҳои аз 10 то 100-ҳазордолларӣ додаанд.
Ҳамин тавр ба ҳисоби бонкии ширкат қариб 1,1 миллиард ва дар корти муассис 2,4 миллиард сӯм ворид шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамаи ӯзбекҳои зарардида аз Тошканд, Қороқалпоқистон, инчунин вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Намангон, Қашқадарё, Бухоро ва Хоразм будаанд.
Ҳоло асосгузори пирамида ва чаҳор шарики дигари ӯ боздошт шуда, ҳамаи онҳо тибқи моддаи марбути фаъолияти ғайриқонунӣ бо ҷалби маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз шудааст.
Ин модда аз 7 то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Тафтиши ин қазия идома дорад.