ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Парвози ҳавопаймоҳо байни КобулуТошканд ҳафтаи оянда эҳтимол аз сар гирифта шаванд, хабар медиҳад оҷонсии "Bakhtar"-и Афғонистон бо истинод ба изҳороти раиси ширкати "Kam Air" Змар Камгар.
Ба гуфтаи Камгар, мушкили транзити ҳавоӣ ҳал шудааст. Вай таъкид кард, ки ҳафтаи оянда парвозҳои мустақими Кобул - Тошканд ва Тошканд - Кобул бояд оғоз шаванд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳавонавардии Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазами байни Кобулу Тошканд хабар надоранд.
"Мо чунин маълумот надорем", - гуфтааст намояндаи Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон ба хабаргузории РИА "Новости" дар шарҳи хабари расонаҳои афғонистонӣ.
Дар ширкати "Узавиатсия" низ хабар доданд, ки "чунин маълумот надоранд".
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.