ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Аз миёнаи моҳи сентябр то рӯзи 15-уми октябр дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нагардид. Вале рӯзи 15 октябр Вазорати тандурустӣ аз гирифтор шудани ду нафар ба маризии коронавирус хабар дод.
Зимнан ин ниҳод рӯзи гузашта охирин омори сирояту фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро нашр намуд. Бинобар хабари вазорат, дар 24 соати ахир ягон ҳолати беморшавии тоҷикистониён ба коронавирус сабт нагардид.
Манбаъ меафзояд, аз оғози бақайдгирӣ то 16 октябр дар Тоҷикистон 17 086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 960 шифо ёфтаанд.
Илова бар ин аз ин дард дар Тоҷикистон 124 нафар ҷон бохтааст.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 авҷ гирифт.
Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, марҳила ба марҳила бо ваксина таъмин мегарданд.