ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд ва дар ҷаласаи чоруми Шӯрои тиҷории Тоҷикистону Покистон ширкат мекунад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Сафари расмии сарвазири Покистон рӯзҳои 16-17 сентябр сурат мегирад.
Интизор меравад, ки дар ин сафар нахуствазири Покистон бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин бастаи нави санадҳои ҳамкории минбаъдаи судманд миёни Тоҷикистону Покистон ба имзо мерасад.
Илова бар ин Имрон Хон дар нишасти солонаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе ширкат хоҳад кард.
Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Душанбе сарвазири Покистонро вазири хориҷии ин кишвар Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.