Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

71 кас сироят шуду 79 тан шифо ёфт: омори охирини коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки давоми 6 рӯзи охир ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 71 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 79 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 121 нафарро ташкил медиҳад.
Даргузашти сардори милисаи Ҳамадонӣ 11 рӯз пеш аз 46-солагияш
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон тайи шаш рӯзи охир – аз 30 июл то 4 август фавт аз COVID-19 ҷой надоштааст.
Дар маҷмуъ шумораи гирифторшудагон ба коронавирус аз аввали хуруҷаш дар ҷумҳурӣ то шоми 4 август 15 ҳазору 364 нафар арзёбӣ шудааст, ки аз ин 14 ҳазору 867 нафар шифо ёфтаанд.
Дар Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус эмгирӣ барои афроди 18-сола боло ҳатмӣ эълон гардид. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ иттилоъ дод, ки худро бо ваксина аз коронвирус эмин кардаасту аз шаҳрвандон даъват намуд, ки бемориро ҷиддӣ қабул намоянду ваксина гиранд.