Дар Душанбе қаллобии махсус калон ошкор шуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии махсусан калон хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Як сокини шаҳри Душанбе дар паи қаллобии марди 58 - сола, 52 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Ховалингро ба гумони қаллобӣ боздошт кардаанд.
Бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе": пулис зани 55 - соларо боздошт кард
Тибқи иттилои манбаъ, ин мард пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Ҷавоне худро духтар гуфту 400 ҳазор рублро канд
Гуфта мешавад, ки номбурда, рӯзи 7-уми январи соли 2020, дар ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромадааст.
Дар ҳамин ҳол аз ӯ 10 ҳазор дона дастпӯшакҳои тиббӣ ва маблағи пулиро гирифта ва то ҳол барнагардонидааст.
Ҳабси ҷавоне, ки худро “муфаттиш” гуфту пули хӯроки дар тарабхона хӯрдаашро надод-видео
Зарари расонидашуда 52 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.