ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон як қаллобии булаҷабе ошкор шудааст: ҷавон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро духтар гуфтаву бо мардон шинос мешудааст сипас маблағ меситонидааст.
Тавре Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст.
"Аз моҳи январи соли 2021 дар саҳифаи интернетии “Одноклассники” бо шахсе бо номи “Алҳамдуллилоҳ”, ки дар саҳифааш сурати духтарро гузошта, худро бо номи “Амина” муарифӣ намуд, шинос шуда, бо ӯ бо тариқи хатнависӣ сӯҳбат кардам. Номбурда бо роҳи фиреб ба бовариам даромада, дар муддати 7-моҳ 400 ҳазор рубли русиро аз ман гирифт", - омадааст дар аризаи ҷавон.
Вазорат менависад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.