ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1547 сомонӣ нишон дода шудааст. Асъори русӣ тайи ду моҳи ахир устувориро дар бозор нишон медиҳад.
Қурби доллар бошад, ҳамоно устувориро нишон медиҳад ва ду рӯз пеш пас аз чанд моҳ каме боло рафта, ҳоло дар ҳамон сатҳ аст. Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3210 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме поин рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4336 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.4437 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3210 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.4346 то 13. 8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1547 то 0.1565 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.