Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Конибодом"

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи мудҳише дар шоҳроҳи "Хуҷанд - Конибодом" хабар медиҳад, ки боиси марги ронанда гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садама рӯзи 15-уми июли соли 2020, тахминан соатҳои 09:20-дақиқа дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Конибодом" рух додааст.

Ду садамаи маргбор: яке ба канори роҳ бархӯрду дигаре аз мошин ғалтид

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, автомашинаи тамғаи "Опел Зафира", таҳти идораи ронанда, Шокиров Салимҷон Сангинбоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур ва автомашинаи тамғаи "Дэу Лабо", таҳти идораи ронанда, Зоидов Сидиқбой Олимбоевич, соли таваллудаш 1965, сокини ҳамин ноҳия ба садама дучор шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Садамаи маргбори ду акаву додари тоҷик дар Русия: навори лаҳзаи мудҳиши садама нашр шуд

"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу Лабо" Зоидов С.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи боз шудани парванда аз рӯи ин ҳодиса чизе нагуфтааст.