ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва барф пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф) пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, шабона дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, шабона мутаносибан то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар доманакӯҳҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, ба амал омадани раъду барқ, (дар ағбаҳо боридани барф) пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.