Соҳибкорони Тоҷикистон дар Форуми "Русия" ширкат хоҳанд кард

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Форуми байналмилалӣ аз 4 ноябри соли 2023 то 12 апрели соли 2024 дар Маскав баргузор шуда, ширкаткунандагон дар он метавонанда фарҳанги худро муаррифӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Намоишгоҳ ва ҳамоиши байналмилалии “Русия” аз 4 ноябри соли 2023 то 12 апрели соли 2024 дар Маскав баргузор мешавад, ки тоҷикон низ дар он ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Намоишгоҳ соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сохтмон, илм ва фарҳангро фаро мегирад.
Чорабиниҳо дар ҳудуди ВДНХ баргузор шуда, рӯзҳои минтақавӣ, ҳафтаҳои корӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, фестивалҳои анъанаҳои ошпазӣ ва ярмаркаҳоро дар бар мегиранд.
Цветы в городе Душанбе в центре города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Иштироки 15 ширкати бузурги Қазоқистон дар Бизнес-форуми Душанбе
Инчунин дар майдони алоҳида баргузории чорабиниҳои гастрономии "Рӯзҳои меҳмоннавозии миллӣ" ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раҳбарони ҷавони Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз Новгород табодули таҷриба карданд.
Дар Нижний Новгород бо иштироки тоҷикон ҳамоиш дар шакли муосири сессияи дурандешии "Шаҳри ояндаи ман шаҳри рушди устувор" баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони ҷавон аз шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон ташкил карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0