Борону барф меборад: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНенастная погода
Ненастная погода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то10 дараҷа, Суғд то 12 дараҷа, Хатлон то 16 дараҷа ва Душанбею атрофи он то 17 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон боронӣ хоҳад шуд, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришоти барф низ дар назар аст.
Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносӣ дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Шабона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 11-16, дар мавзеи Булункӯл то 26-28 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Осень в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Душанбеи зарринпӯш ба ривояти тасвир - аксҳо
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11, рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо баъзан борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0