https://sputnik.tj/20221103/maskav-nishast-afghoniston-tolibon-1052599589.html
Дар Маскав нишасти навбатӣ оид ба Афғонистон доир мешавад: эътирофи толибон дар назар нест
Дар Маскав нишасти навбатӣ оид ба Афғонистон доир мешавад: эътирофи толибон дар назар нест
Sputnik Тоҷикистон
Нишасти навбатии Маскав оид ба вазъи Афғонистон бидуни ҳузури Амрико доир мешавад. Ба ҷои он дар ин чорабинӣ Эрон даъват шудааст
2022-11-03T09:40+0500
2022-11-03T09:40+0500
2023-02-08T19:45+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
сиёсат
толибон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040605542_0:0:2685:1510_1920x0_80_0_0_48dd429cc7b7a61bdd3ced35bc8a32ed.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия аз баргузории нишасти Маскав дар бораи Афғонистон хабар дод. Замир Кабулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия ва мудири бахши дуввуми осиёии вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки баргузории нишасти формати Маскав дар бораи Афғонистон дар нимаи моҳи ноябр дар назар аст. Гуфта мешавад, ки нишасти навбатӣ бидуни ИМА доир мешавад.Ба гуфтаи дипломат бо назардошти ин формати Маскав дар назар аст бо ҳузури Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон доир шавад."Мо таваҷҷуҳи худро ба рушди амалии равобити дуҷониба бидуни рабт ба эътирофи расмии ҳукумати нави Афғонистон равона мекунем. Мо ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ авлавият медиҳем", - гуфтааст дипломат.Вай гуфт, ки дар чаҳорчӯби формати Маскав "барои ҳамкории самимонатар бо ширкати Русия, Чин, Ҳинд, Эрон ва Покистон пешниҳод шудааст." Номбурда гуфтааст, ки миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ як формати ҳамкорӣ бо ширкати Русия вуҷуд дорад ва бархе аз шарикон пешниҳод мекунанд, ки дар бораи роҳандозии машваратҳои намояндагони вижа дар формати Русия-Осиёи Марказӣ андеша шавад, ки албатта, сазовори дастгирӣ аст.
https://sputnik.tj/20221102/afghoniston-dom-balo-afzoish-kisht-istehsol-geroin-1052581852.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040605542_0:0:2685:2014_1920x0_80_0_0_6be95f08694e3c7675e2b10d27f9d510.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав нишаст навбатӣ афғонистон эътироф толибон
маскав нишаст навбатӣ афғонистон эътироф толибон
Дар Маскав нишасти навбатӣ оид ба Афғонистон доир мешавад: эътирофи толибон дар назар нест
09:40 03.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Нишасти навбатии Маскав оид ба вазъи Афғонистон бидуни ҳузури Амрико доир мешавад. Ба ҷои он дар ин чорабинӣ Эрон даъват шудааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия аз баргузории нишасти Маскав дар бораи Афғонистон хабар дод.
Замир Кабулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия ва мудири бахши дуввуми осиёии вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки баргузории нишасти формати Маскав дар бораи Афғонистон дар нимаи моҳи ноябр дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки нишасти навбатӣ бидуни ИМА доир мешавад.
"Таҷрибаи муколама бо амрикоиҳо дар шаклҳои мухталифи чандҷониба, аз ҷумла истилоҳи “Тройка” (Русия, Чин, Амрико, Покистон) нишон медиҳад, ки “ҳамкасбон дар он минтақа аз онҳо ба манофеи худхоҳонаашон кор мекунанд”,- навиштааст ӯ дар як мақолааш дар рӯзномаи "Независимой газете".
Ба гуфтаи дипломат бо назардошти ин формати Маскав дар назар аст бо ҳузури Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон доир шавад.
"Мо таваҷҷуҳи худро ба рушди амалии равобити дуҷониба бидуни рабт ба эътирофи расмии ҳукумати нави Афғонистон равона мекунем. Мо ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ авлавият медиҳем", - гуфтааст дипломат.
Вай гуфт, ки дар чаҳорчӯби формати Маскав "барои ҳамкории самимонатар бо ширкати Русия, Чин, Ҳинд, Эрон ва Покистон пешниҳод шудааст."
Номбурда гуфтааст, ки миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ як формати ҳамкорӣ бо ширкати Русия вуҷуд дорад ва бархе аз шарикон пешниҳод мекунанд, ки дар бораи роҳандозии машваратҳои намояндагони вижа дар формати Русия-Осиёи Марказӣ андеша шавад, ки албатта, сазовори дастгирӣ аст.