Ҳукумати Тоҷикистон санади муҳимеро қабул ва ҷузъиёти онро расонаӣ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДворец Нации в Душанбе
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Сарвазири кишвар дар бораи ҷузъиёти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, ки барои 8 соли оянда қабул шудаву аз 17 самт иборат аст, иттилоеро расонаӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди кишварро то соли 2030 қабул кардааст. Дар ин бора Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ҳамоиши дуюми минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРҲ) дар Алмаато сухан гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, стратегияи рушди Тоҷикистон 17 бахшро фаро гирифтааст. Аз ҷумлаи онҳо аз байн бурдани камбизоатӣ ва гуруснагӣ, ноил шудан ба тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, таҳсилоти босифат, баробарии гендерӣ, оби тоза, экология ва энергетика мебошанд.
Илова бар ин, дар ин санад мавзӯъҳои муҳиме, аз қабили рушди иқтисод, саноат, инноватсия, инфрасохтор ва рафъи нобаробарии иқтисодӣ ҷой дорад.
Удаленная работа трейдера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Бо иқтисоди Тоҷикистон чӣ мешавад? Пешгӯии БОР
Инчунин дар стратегияи рушди ҷумҳурӣ шаҳру деҳоти устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, табиӣ, коҳиш додани ифлосшавӣ, мубориза бо тағирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҳифз, барқарорсозии системаҳои экосистема ва мубориза бо биёбоншавӣ дохил карда шудаанд.
"Ҳавасмандгардонии соҳибкории хурду миёна, дастгирии табақаҳои осебпазир, дастгирии тиҷорат, ҳамлу нақли бемамонияти маводи зарурӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, тавсеаи раванди рақамисозӣ, барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёт, иқтисодиёти сабз омилҳои ноил шудан ба ҳадафҳои устувор мебошанд", - гуфт Расулзода.
Ба таъкиди сарвазир, пешниҳодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон қабул шудани чаҳор ташаббуси экологии об дар иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда саҳми бузург доранд.
Лентаи хабарҳо
0