https://sputnik.tj/20220531/toshkand-dushanbe-savdoi-khoriji-1048823913.html
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 млрд доллар расондани додугирифт
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 млрд доллар расондани додугирифт
Sputnik Тоҷикистон
Имкониятҳои зиёди истифоданашуда дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши додугирифти мол боқӣ мондаанд, изҳор дошт Ҳукумати Ӯзбекистон 31.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-31T14:20+0500
2022-05-31T14:20+0500
2022-05-31T19:59+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/74/1028597483_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c5a458bd9d904e09c53f916017605f81.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пеши ҳукуматҳои ду кишвар вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 1 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонанд. Дар ин бора Ҳукумати Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки барои таҳкими ҳамкорӣ ахиран ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Душанбе баргузор шуд. Манбаъ афзуд, дар ин ҷаласа, ки таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои ӯзбекаш Абдулло Орифов баргузор шуд, баёнияи муштарак барои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расид.Ҳукумати Ӯзбекистон бо таъкиди ин нуқта изҳор доштааст, ки зарфиятҳои зиёди истифоданашуда дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мавҷуданд. Ин дар ҳолест, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ - апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд. Ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9%-ро ташкил медиҳад.Бар асоси омори расмӣ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайраро мехарад.
https://sputnik.tj/20220531/uzbekiston-sharikon-tijorii-tojikiston-1048822235.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/74/1028597483_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_cffaa6df079c16a6a63e2288b082fe52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, дар тоҷикистон, ӯзбекистон, савдо
иқтисод, дар тоҷикистон, ӯзбекистон, савдо
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 млрд доллар расондани додугирифт
14:20 31.05.2022 (Навсозишуда: 19:59 31.05.2022) Имкониятҳои зиёди истифоданашуда дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши додугирифти мол боқӣ мондаанд, изҳор дошт Ҳукумати Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пеши ҳукуматҳои ду кишвар вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 1 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонанд.
Дар ин бора Ҳукумати Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки барои таҳкими ҳамкорӣ ахиран ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Манбаъ афзуд, дар ин ҷаласа, ки таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои ӯзбекаш Абдулло Орифов баргузор шуд, баёнияи муштарак барои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расид.
Ҳукумати Ӯзбекистон бо таъкиди ин нуқта изҳор доштааст, ки зарфиятҳои зиёди истифоданашуда дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мавҷуданд.
Ин дар ҳолест, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ - апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9%-ро ташкил медиҳад.
Бар асоси омори расмӣ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайраро мехарад.