Чаро ба омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон талабот зиёд аст: видео

Обуна шудан
Коршинос гуфт, ки чаро Тоҷикистон аввалин шуда, ба лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" шомил шуд ва чӣ гуна ин барнома сатҳи маорифро дар ҷумҳурӣ беҳтар кардааст
Тоҷикистон аввалин кишваре шуд, ки дар лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" ширкат дошт.
Ин ба шарофати ибтикори президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муносибатҳои неки кишвараш ва Русия ба амал омад, гуфт директори филиали москвагии Маркази таълимии байналмилалии "Интердом" Александр Паркин.

"Дар кишвар, воқеан, ба тарбияи фарзандони худ, насли наврас таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ин кор на танҳо дар сатҳи вазорат, балки дар сатҳи президент низ сурат мегирад", - гуфт коршинос.

Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ин тарҳ аз соли 2017 аз ҷониби Вазорати маорифи Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Барнома маъруфият ва рушди васеъ пайдо кардааст. Ба ҷуз аз Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Қирғизистон, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин тарҳ ҳамроҳ шуданд. Дар миёни ширкаткунандагон Муғулистон, Ветнам ва Сербистон низ ҳастанд.
"Ҷуғрофиёи забони русӣ ва таваҷҷуҳ ба таълими он дар кишварҳои хориҷӣ афзоиш меёбад", - гуфт Паркин.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2023 дар чаҳорчӯби ин тарҳ теъдоди омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад ёфт.
Лавров гуфт, дар Тоҷикистон чанд мактаби нави русӣ боз мешавад
Ҳоло дар кишвар қариб аз рӯи ҳамаи фанҳо муаллимон талаб карда мешавад. Бо вуҷуди ин забони русӣ забони асосии таълим боқӣ мемонад. Мамлакат ба муаллимони таърих, ҷамъиятшиносӣ ва математика низ эҳтиёҷ дорад.
Коршинос таъкид кард, ки омӯзгорон аз кори худ дар кишвар қаноатманданд. Дар соли 2022 ҳеҷ кас намехост, ки шартномаро пеш аз муҳлат қатъ кунад.
Дар ҳамин ҳол Паркин аз ғамхории мақомоти Тоҷикистон нисбат ба омӯзгорони рус ёдовар шуд.
Лентаи хабарҳо
0