https://sputnik.tj/20220419/elon-qurb-asor-tojikiston-1047764207.html
Эълони қурби асъор дар Тоҷикистон: рублу доллар чанд шуд
Эълони қурби асъор дар Тоҷикистон: рублу доллар чанд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ошуфтагӣ дар бозори арзи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Рубли русӣ, доллар ва евро бозори расмии кишвар давоми ду рӯз бетағйир боқӣ мондаанд
2022-04-19T12:10+0500
2022-04-19T12:10+0500
2022-04-19T12:29+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 154,7 сомонӣ аст.Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта 2 сомонӣ (152,2) зиёд аст.Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ бетағйир мондааст. Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро ба мисли як рӯзи қаблӣ 13.5256 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5075 сомонӣ арзиш дорад.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 142 сомонӣ ва зимни фурӯш 156 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 125ва зимни фурӯш 156 сомонӣ аст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 149 ва 155 сомонӣ муайян намудааст."Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 156 сомонӣ мефурӯшад.Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220410/iqtisoddoni-faronsavi-suquti-dollar-rublro-peshgui-1047516368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон рубл доллар
Эълони қурби асъор дар Тоҷикистон: рублу доллар чанд шуд
12:10 19.04.2022 (Навсозишуда: 12:29 19.04.2022) Ошуфтагӣ дар бозори арзи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Қурби рубли русӣ, доллар ва евро бозори расмии кишвар давоми ду рӯз бетағйир боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 154,7 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта 2 сомонӣ (152,2) зиёд аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ бетағйир мондааст. Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро ба мисли як рӯзи қаблӣ 13.5256 сомонӣ муқаррар шудааст.
Арзиши пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5075 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 142 сомонӣ ва зимни фурӯш 156 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 125ва зимни фурӯш 156 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 149 ва 155 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 156 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.