https://sputnik.tj/20220418/rubl-elon-qurb-asor-tojikiston-1047726422.html
Рубл гарон шуд: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон
Рубл гарон шуд: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қурби пули русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон 2 сомонӣ боло рафтаву евро арзрнтар шудааст
2022-04-18T09:01+0500
2022-04-18T09:01+0500
2022-04-18T17:19+0500
рубл
қурби асъор
дар тоҷикистон
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1f01848beac926686cd6b8bff469dc53.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 154,7 сомонӣ аст.Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта 2 сомонӣ (152,2) зиёд аст.Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.5206 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.6169 сомонӣ медоданд.Арзиши пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5075 сомонӣ арзиш дорад.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 142 сомонӣ ва зимни фурӯш 156 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 150 ва зимни фурӯш 150,5 сомонӣ аст.Доллар дар сиёҳчола: оё юан метавонад асъори аслии ҷаҳонӣ шавад?Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 140 ва 151 сомонӣ муайян намудааст."Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 156 сомонӣ мефурӯшад.Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220410/iqtisoddoni-faronsavi-suquti-dollar-rublro-peshgui-1047516368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a5c60cb3850b3d1a24b79ac436dfc73c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл қурб асъор тоҷикистон
рубл қурб асъор тоҷикистон
Рубл гарон шуд: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон
09:01 18.04.2022 (Навсозишуда: 17:19 18.04.2022) Қурби пули русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон 2 сомонӣ боло рафтаву евро арзонтар шудааст. Ҳоло 1000 рубли русӣ 154,7 сомонӣ аст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 154,7 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта 2 сомонӣ (152,2) зиёд аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.5206 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.6169 сомонӣ медоданд.
Арзиши пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5075 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 142 сомонӣ ва зимни фурӯш 156 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 150 ва зимни фурӯш 150,5 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 140 ва 151 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 156 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.