Натиҷаи таҳримҳо: дар Олмон нархи озуқаворӣ гарон шуд

© PixabayТележка для продуктов в супермаркете
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Маҷаллаи "Focus" ба олмониҳо тавсия додааст, ки бинобар боло рафтани нархҳо тахфиф ҷустуҷӯ кунанд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Маҷаллаи "Focus" дастуреро барои истеъмолкунандагони олмонӣ дар бораи чӣ гуна сарфа кардани пул дар шароити болоравии нарх таҳия кардааст.
Дар ҳафтаҳои охир, занҷирҳои бузурги чаканаи Олмон, аз қабили "Rewe", "Aldi" ва "Lidl" нархи баъзе аз молҳои муҳими худро ба таври назаррас боло бурданд.
Ҳамин тариқ нархи рӯғани офтобпараст ду баробар, оби маъданӣ, қаҳва ва коғази ташноб 10 фоиз, маҳсулоти ширӣ 5 фоиз боло рафтааст. Нашрия барои сарфаи маблағ ба ҷои оби шишагӣ оби водопроводро пешниҳод мекунад.
Илова бар ин "Focus" тавсия медиҳад, барои харид кардани меваю сабзавоти мавсимӣ мағозаҳоеро бояд ҷустуҷӯ кард, ки тахфиф доранд.
Нархҳо дар Олмон дақиқан пас аз эълони таҳримҳо алайҳи Русия гарон шуданд.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
"Веймар ё Зимбабве?" Амрико ба ояндаи худ назар мекунад
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0