Тамдиди дигарбораи маҳдудияти парвозҳо ба ҷануб ва маркази Русия

© Pixabay/SkitterphotoАэропорт, терминал
Аэропорт, терминал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Маҳудияти парвоз ба ҷанубу маркази Русия, ки то 14 март таъйин шуда буд, барои як ҳафтаи дигар тамдид шуд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия то 20 март тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия".
"То 20 март, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба фурудгоҳҳои ҷанубу марказии Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоия.
"Росавиатсия" таъкид намуд, ки вақфаи парвозҳо ба Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста боқӣ мемонад.
Ин ниҳод масири тағйири парвозҳоро зикр карда, тавсия додааст, ки барои сафар ба манотиқи зикршуда аз масирҳои дигар, фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода шавад.
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ҳукумати Русия маҳдудиятҳои парвоз ба Тоҷикистонро лағв кард
Зикр шудааст, ки фурудгоҳҳои мазкур зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд. Ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳои боқимонда, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардиданд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан низ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0