https://sputnik.tj/20220303/kreml-vaz-nizomi-rusiya-1046474262.html
Кремл масъалаи ҷорӣ кардани вазъи низомӣ дар Русияро шарҳ дод
Кремл масъалаи ҷорӣ кардани вазъи низомӣ дар Русияро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Котиби матбуотии президенти Русия гуфт, оё дар кишвар низоми ҳарбӣ ҷорӣ мешавад ё не
2022-03-03T15:26+0500
2022-03-03T15:26+0500
2022-03-03T18:44+0500
дар русия
дмитрий песков
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039655343_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_b7ca3959c2cf1cb13d4af4f42beea0e5.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия вазъи ҳарбӣ ҷорӣ намекунад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо хабарнигорон изҳори назар кард. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёме дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани вазъи низомӣ дар баъзе минтақаҳои Русия паҳн шуда буд. Ин боиси воҳима миёни корбарон гардид. Ӯ аз шаҳрвандон даъват кард, ки аз ин гуна иттилоот эҳтиёт кунанд ва қурбони овозаҳову фиребу найранг нашаванд. Песков ҳамчунин хабари манъи сафари мардони синни даъват ба хидмати низомӣ ба хориҷ аз Русияро рад кард.Дар суҳбат бо намояндаи Кремл рӯзноманигор аз изҳороти вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров иқтибос оварда гуфт, ки нисбати Русия нақшаи ҷангӣ омода мешавад.Тибқи қонунҳои Русия, ҳамла ба қувваҳои мусаллаҳи РФ, новобаста аз ҷойгиршавии онҳо, асос барои ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ мебошад. Лавров: Намешавад Русияро дар инзиво қарор дод, он дӯстони зиёд дорадПесков гуфт, ки аз Лавров чунин изҳорот нашунидааст ва ҳамчунин хостааст, дар мавриди муноқиша дар кадом минтақа ҳарф мезанад, тавзеҳот бидиҳанд. Қаблан вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ метавонад танҳо ҳастаӣ бошад. "Маҳз дар сари сиёсатмадорони ғарбӣ ҷанги ҳастаӣ пайваста чарх мезанад, на дар сари русиягиҳо. Ман шуморо итминон медиҳам, ки мо намегузорем, ҳеҷ гуна иғво моро аз мувозинат барорад", - таъкид кард Лавров. Лавров: Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ҳастаӣ хоҳад будҚобили зикр аст, ки дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ маълумоти зиёди дурӯғ пайдо шуд. Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова, хадамоти ҷосусии НАТО маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад.
https://sputnik.tj/20220303/lyakin-frolov-ukraina-sozish-minsk-dafn-1046468045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039655343_142:0:2873:2048_1920x0_80_0_0_e026f8f7faf71d79c426e8a9f17eb55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вазъи низомӣ,
Кремл масъалаи ҷорӣ кардани вазъи низомӣ дар Русияро шарҳ дод
15:26 03.03.2022 (Навсозишуда: 18:44 03.03.2022) Котиби матбуотии президенти Русия гуфт, дар ин кишвар низоми ҳарбӣ ҷорӣ мешавад ё не
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия вазъи ҳарбӣ ҷорӣ намекунад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо хабарнигорон изҳори назар кард.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёме дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани вазъи низомӣ дар баъзе минтақаҳои Русия паҳн шуда буд. Ин боиси воҳима миёни корбарон гардид.
"Инҳо хабарҳои бардурӯғ ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд ва баъдан шаҳрвандон ба ҳамдигар мефиристанд", - гуфт котиби матбуотии сарвари давлати Русия.
Ӯ аз шаҳрвандон даъват кард, ки аз ин гуна иттилоот эҳтиёт кунанд ва қурбони овозаҳову фиребу найранг нашаванд.
Песков ҳамчунин хабари манъи сафари мардони синни даъват ба хидмати низомӣ ба хориҷ аз Русияро рад кард.
Дар суҳбат бо намояндаи Кремл рӯзноманигор аз изҳороти вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров иқтибос оварда гуфт, ки нисбати Русия нақшаи ҷангӣ омода мешавад.
Тибқи қонунҳои Русия, ҳамла ба қувваҳои мусаллаҳи РФ, новобаста аз ҷойгиршавии онҳо, асос барои ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ мебошад.
Песков гуфт, ки аз Лавров чунин изҳорот нашунидааст ва ҳамчунин хостааст, дар мавриди муноқиша дар кадом минтақа ҳарф мезанад, тавзеҳот бидиҳанд.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ метавонад танҳо ҳастаӣ бошад.
"Маҳз дар сари сиёсатмадорони ғарбӣ ҷанги ҳастаӣ пайваста чарх мезанад, на дар сари русиягиҳо. Ман шуморо итминон медиҳам, ки мо намегузорем, ҳеҷ гуна иғво моро аз мувозинат барорад", - таъкид кард Лавров.
Қобили зикр аст, ки дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ маълумоти зиёди дурӯғ пайдо шуд.
Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова, хадамоти ҷосусии НАТО маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад.