Қурби рублу евро пас аз рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Қурбис асъори аврупоӣ ва русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар баробари сомонии тоҷикӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъори хориҷӣ нигоҳ медорад.
Тибқи нишондоди БМТ, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 149 сомонӣ арзиш дорад.
Ин асъор дар баробари сомонӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ як сомонӣ коҳиш ёфт.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, як евро то 12.8413 сомонӣ арзиш дорад. Қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар бар ивази як евро 12,8458 сомонӣ медоданд.
Ин асъор ҳарчанд давоми ду ҳафтаи гузашта боло рафта буд, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки арзиши ин арз болову поин мешавад.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2800 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8413 то 12.9300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1490 то 0.1465 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0