https://sputnik.tj/20220215/tojikiston-sayyohi-1045871451.html
Тоҷикистон туризми нав ба роҳ мемонад
Тоҷикистон туризми нав ба роҳ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷалб намудани сайёҳон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба иқтисоди кишвар фоида меорад
2022-02-15T14:00+0500
2022-02-15T14:00+0500
2022-02-15T20:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039721304_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cf7b8fcfc06e557805826fb6ccf5fcfb.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад, туризми саноатиро ба роҳ монад. Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода хабар дод. Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон ният дорад, корхонаҳои калони саноатиро дар арсаи минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ намояд.Ба гуфтаи ӯ, ин навъи сайёҳии саноатӣ ба иқтисоди кишвар фоидаи зиёд меорад. Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ҳамасола аз ҳисоби бунёди роҳҳои нави замонавӣ, нақбҳо, беҳбуди инфрасохтори сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои сайёҳон дар манотиқи кишвар рушд мекунад.Қобили зикр аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро давраи рушди саноат эълон кард. Сарвари давлат қайд кард, ки танҳо аз ҳисоби рушди соҳаи хидматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, бонкдорӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.Дар Тоҷикистон созмонҳои сайёҳӣ дар давоми 5 соли аввали фаъолият аз пардохти андози даромад, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Низоми вуруди бидуни раводид бо 12 кишвари ҷаҳон, ҷорӣ шудани низоми соддакардашудаи раводид бо 126 кишвари ҷаҳон, қабули низоми раводиди якҷониба барои 52 кишвар аз 1 январи соли 2022 низ барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220209/guliston-bog-temurmalik-1045666364.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039721304_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_443b2193f887259c643e5582f247a48d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сайёҳӣ
Тоҷикистон туризми нав ба роҳ мемонад
14:00 15.02.2022 (Навсозишуда: 20:01 15.02.2022) Ҷалб намудани сайёҳон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба иқтисоди кишвар фоида меорад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад, туризми саноатиро ба роҳ монад.
Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон ният дорад, корхонаҳои калони саноатиро дар арсаи минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ намояд.
"Имрӯз дар ҷумҳурӣ панҷ Минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд аст, ки дар ин минтақаҳо корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият мекунанд. Боздиди сайёҳони хориҷӣ аз ин минтақаҳо ба манфиати кор аст, зеро ба иқтисодиёт фоидаи зиёд оварда мешавад", - гуфт Ҷӯразода.
Ба гуфтаи ӯ, ин навъи сайёҳии саноатӣ ба иқтисоди кишвар фоидаи зиёд меорад.
Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ҳамасола аз ҳисоби бунёди роҳҳои нави замонавӣ, нақбҳо, беҳбуди инфрасохтори сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои сайёҳон дар манотиқи кишвар рушд мекунад.
Қобили зикр аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро давраи рушди саноат эълон кард.
Сарвари давлат қайд кард, ки танҳо аз ҳисоби рушди соҳаи хидматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, бонкдорӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Дар Тоҷикистон созмонҳои сайёҳӣ дар давоми 5 соли аввали фаъолият аз пардохти андози даромад, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
Низоми вуруди бидуни раводид бо 12 кишвари ҷаҳон, ҷорӣ шудани низоми соддакардашудаи раводид бо 126 кишвари ҷаҳон, қабули низоми раводиди якҷониба барои 52 кишвар аз 1 январи соли 2022 низ барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.