https://sputnik.tj/20220215/afzoish-tandurusti-tojikiston-covid-1045856042.html
Афзоиш меёбад: Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори COVID-ро нав кард
Афзоиш меёбад: Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори COVID-ро нав кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ маълумоти охирин дар бораи паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард 15.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-15T10:27+0500
2022-02-15T10:27+0500
2022-02-15T10:53+0500
дар тоҷикистон
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/14/1032122728_0:0:3050:1716_1920x0_80_0_0_e42ca5ed15e7583a4517e5688b00c249.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад. Дар як рӯз ягон ҳолати шифоёбӣ ё фавт аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 382 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17241 нафар сокинони ҷумҳурӣ шифо ёфтанд. Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши як штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон 21 январи соли 2022 ба Тоҷикистон баргашт. Аммо Вазорати тандурустӣ ҳанӯз ҳам барои муайян кардани ин навъи вирус дар кишвар душворӣ мекашад. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири беҳдошт, таъкид кард, ки Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 таҷҳизоти зарурӣ барои кашфи штаммҳои омикронии COVID-19-ро дарёфт хоҳад кард. Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитарии ин ниҳод, мавҷи сеюми сирояти коронавирус дар кишвар бинобар ворид шудани беморӣ аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон оғоз шудааст.Дар пасманзари афзоиши ибтило ба бемории COVID-19, барномаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Тақрибан 80% сокинони кишвар аллакай эм карда шудаанд, ки тақрибан 4,6 миллион нафарро ташкил медиҳад.Ваксинзании зидди беморӣ дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони ба синни 18 расида ҳатмист.Шаҳрвандон барои ин метавонанд бо яке аз 5 дору - Sputnik V, AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Pfizer ваксина гиранд.
https://sputnik.tj/20220210/dastgoh-nadorem-abdullozoda-omikron-tojikiston-bekhabari-1045742473.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/14/1032122728_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_334b859e947e846e00e185cc72b91b90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ тоҷикистон омор covid
тандурустӣ тоҷикистон омор covid
Афзоиш меёбад: Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори COVID-ро нав кард
10:27 15.02.2022 (Навсозишуда: 10:53 15.02.2022) Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ маълумоти охирин дар бораи паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар як рӯз ягон ҳолати шифоёбӣ ё фавт аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмуъ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 382 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17241 нафар сокинони ҷумҳурӣ шифо ёфтанд.
Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши як штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон 21 январи соли 2022 ба Тоҷикистон баргашт.
Аммо Вазорати тандурустӣ ҳанӯз ҳам барои муайян кардани ин навъи вирус дар кишвар душворӣ мекашад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири беҳдошт, таъкид кард, ки Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 таҷҳизоти зарурӣ барои кашфи штаммҳои омикронии COVID-19-ро дарёфт хоҳад кард.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитарии ин ниҳод, мавҷи сеюми сирояти коронавирус дар кишвар бинобар ворид шудани беморӣ аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон оғоз шудааст.
Дар пасманзари афзоиши ибтило ба бемории COVID-19, барномаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Тақрибан 80% сокинони кишвар аллакай эм карда шудаанд, ки тақрибан 4,6 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ваксинзании зидди беморӣ дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони ба синни 18 расида ҳатмист.
Шаҳрвандон барои ин метавонанд бо яке аз 5 дору - Sputnik V, AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Pfizer ваксина гиранд.